ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. ВУД Тоҷикистон бо нашри як эълон таъкид кардааст, шахсоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд то 10 августи соли равон онҳоро бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гиранд.
Ин ниҳод иттилоъ додааст, ки барои иваз намудани шиносномаҳо идораҳои шиносномадиҳӣ аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб кор мекунанд.
ВУД таъкид намудааст, ки шаҳрвандон бояд барои гирифтани шиносномаҳои намунаи 2014, шиносномаи намунаи соли 1996, рақами мушаххаси андозсупоранда, маълумот дар бораи гурӯҳи хун, расид ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ, дафтари ҳавлӣ ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот, шаҳодатномаи ақди никоҳ ё бекор кардани ақди никоҳ ва як дона сурати сиёҳу сафеди 3,5 х4,5 мм пешниҳод намоянд.
Ҳадафи ин иқдом иҷрои қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016 арзёбӣ шудаст, ки бар асоси он пайвасткунии симкорт танҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014 ва иштироки бевоситаи худи шаҳрванд сурат мегирад. Ҳамчунин симкорт ба дигар шахс барои истифода бояд дода нашавад. Операторон набояд зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс ба расмият дароранду ба ноболиғони то 16-сола додани симкорт манъ аст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта моддаи 350 замимаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар таҳрири нав қабул намуд, ки тибқи он барои нақзи қоидаҳои пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, ҳангоми набудани таркиби ҷиноят, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва шахси мансабдор дар намуди ҷарима ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.