Бо шиносномаҳои нав, зери назорати камераҳо: Ҳукумат тартиби фурӯши симкортро тағйир дод

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар кишварро тағйир дод

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бар асоси тағйирот ба қарори Ҳукумат, “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”,  ки аз ҷониби раисиҷумҳур 9 феврал имзо гардидааст, симкорти шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014 надоранд, аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа: нархи симкорт дар Тоҷикистон то ду моҳи оянда тағйир намекунад

“Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд”, - омадааст дар қарори Ҳукумат.

Дар матни қарор инчунин зарурати пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ҳангоми гирифтани симкорт таъкид шудааст.

Ҳукумат масъулини соҳаро барои насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо уҳдадор намуда, муваззаф кардааст, ки зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд.

Горожане у отделения банка в Афинах. 1 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Аз Душанбе то Хуҷанд: навбатпоии мардум барои хариди симкорт пушти дари марказҳо

“Хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ кунанд. Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд”, - вазифадор шудаанд ширкатҳои масъули соҳа.

Ҳукумат инчунин муқаррар кардааст, ки ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд.

“Падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд”, - таъкид шудааст дар қарор.

Инчунин Ҳукумат дар ҳудуди Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Тоҷикистон бақайдгирифташударо дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ кардааст.

Дар мавриди фурӯши симкортҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо Ҳукумат муқаррар кардааст, ки бо пешниҳоди гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза ба расмият дароварда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0