ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Хадамоти марзии Қирғизистон пас аз се рӯзи баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот додааст ва гуфтааст, ки аз изҳороти Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳайрат омад. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.
Марзбонии қирғиз аз мақомоти вижаи Тоҷикистон хостааст, ки вазъро дар марз тира насозанд.
Бино бар иттилои манбаъ, хадамот гӯё аз изҳороти Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он гуфта мешавад, "қирғизҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", ба ҳайрат омаданд.
"Хадамоти давлатии марзии Қирғизистон расман изҳор медорад, ки тамоми масоили марбут ба демаркатсия ва делимитатсияи марз бояд тибқи қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳалли худро ёбанд", - омадааст дар изҳорот.
Хадамот гуфтааст, ки "маҳалли Эски мазор, ки дар он оромгоҳ ҷойгир шудааст, дар нақшаҳо тасвир нашудааст. Марзбонони ҷонибҳо танҳо бо риояи масирҳои мувофиқашудаи ҳаракат онро муҳофизат мекарданд".
Ба қавли мақомоти марзбонии Қирғизистон, намояндагони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон созиш карданд, ки сарҳадбонони тоҷик садди роҳи ба оромгоҳ рафтани қирғизҳо, сокинони Қараоғ намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки 22 май аз баҳси дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудудҳои Исфара ва Ботканд хабар дода шуд.
Шаҳдории Исфара гуфт, зиёда аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шуданд.
"Мақсади асосии сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад", - тавзеҳ дода буд шаҳрдорӣ.
Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ як рӯз пас дар изҳороташ гуфт, ки 200 нафар сокинони Қаробоғи Қирғизистон ба то 700 метр марзи Тоҷикистонро убур карда, ба муноқиша пардохтаанд
"Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", - тавзеҳ медидод КДАМ.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.