ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Орешкин муътақид аст, ки вуруди бештари муҳоҷирон рушди иқтисоди Русияро такон хоҳад бахшид.
Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат зарур донист, ки сатҳи бекорӣ коҳиш дода шаваду раванди босифати муҳоҷират таҳким ёбад.
Вазири рушди иқтисоди Русия бо нигаронӣ таъкид кард, ки танҳо соли 2018 аҳолии қобили меҳнат дар кишвар 900 ҳазор нафар кам шуданд.
“Ин омили бисёр ҷиддии боздорандаи рушди иқтисоди Русия мебошад. Барои ҳамин бояд чора андешид, ки аз як тараф сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад ва аз тарафи дигар вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ бештар гардад. Ин нуктаҳои муҳим мебошанд”, - таъкид кардааст Орешкин.
Ин дар ҳолест, қаблан иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи чор моҳи аввали соли равон аз ҳисоби патент барои муҳоҷирон ба буҷаи танҳо Маскав ҳудуди 5,6 миллиард рубл ворид гардид. Мақомоти Маскав гуфтанд, муҳоҷирон талаботи шаҳр ба кормандони бахши сохтмон ва хоҷагию коммуналиро, ки худи сокинони пойтахт ба он майл надоранд, қонеъ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели соли равон дар Маскав аз коҳиши вуруди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия хабар дод. Ҳамтои русиягияш Владимир Путин изҳор дошт, ки феълан дар Русия 1,2 миллион тоҷикистонӣ фаъолият доранд.