Азим Иброҳим хостори инсонгарӣ ва таваҷҷуҳи бештари мансабдорон ба муҳоҷирон шуд

© Фото : Аз равобити умумии ВКХ ҶТМуовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон аз масъулини кишвар дар хориҷ даъват кард, ки барои муҳоҷирон дастрас бошанду таваҷҷуҳ ба онҳоро бештар намоянд

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Азим Иброҳим зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумат гуфт, роҳбарони соҳавӣ дар хориҷи кишвар бояд корро тавре ба роҳ монанд, ки дар ҳолати рух додани мушкилӣ муҳоҷирон донанд, ки ба онҳо чӣ тавр дар тамос шаванд ё ин ки ба наздиктарин шуъбаи намояндагии онҳо дар минтақаҳо муроҷиат намоянд.

Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон – видео

“Вобаста ба ин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ сохторҳои масъул, намояндагони сохторҳои қудратӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои онҳо дар минтақаҳо вазифадор мебошанд, ки ба муҳоҷирон диққати бештар диҳанд ва аз лиҳози муносибати хуби инсонӣ дар ҳалли мушкилоти онҳо дар доираи имконият кумаки амалӣ расонанд, зеро рух додани нохушӣ бо муҳоҷире оилаеро дар Тоҷикистон саргардон мекунад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Азим Иброҳим.

Ноиби нахуствазир роҳбарони вазорату идораҳои узви Комиссияи умури муҳоҷиратро ба масъулиятшиносии бештар даъват карда, талаб намуд, ки дар инъикоси паҳлӯҳои фаъолияти худ воқеъбинона рафтор намоянд. Азим Иброҳим хостаст, роҳбарони вазорату идораҳо махсусан, ба рақамҳои омории бахши муҳоҷирати меҳнатӣ диққати ҷиддӣ, “зеро дар паси ҳар рақам тақдири инсонест ва ба ин мо набояд бетаваҷҷуҳ бошем”.

Муовини сарвазир аз ташаккули касбияту тахассуси бархе муҳоҷирон зикр карда, изҳор доштааст, ки дар давраи дарозмуҳлат ин метавонад заминаи муносиб барои таъсиси фаъолиятҳои касбии доимӣ, аз қабили ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, муштарак ва тавлидотӣ дар  мамлакат  гардад.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия  феълан дар қаламрави кишвар беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0