ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Тибқи гузориши Кумита, ин мусобиқа то 26 май идома ёфта, Тоҷикистонро дар он паҳлавон Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбеков дар вазни 73 кило қувваозмоӣ мекунад. Ӯ 25 май дар даври аввал бо варзишгари Русия Олег Бабгоев куштӣ мегирад. Дар ин вазн ҳамагӣ 31 варзишгар номнавис шудаанд.
Дар мусобиқа 301 варзишгар, аз ҷумла 159 мард ва 142 зан аз 43 давлати дунё иштирок доранд, ки барои 14 маҷмӯи медалҳо ва холҳои олимпӣ қувваозмоӣ мекунанд. Варзишкорон дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон сабқат мекунанд.
“Ба ғолибони мусобиқа 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм – 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-доллар ҷоизапулӣ муқаррар шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Ин ниҳод зикр кард, ки Сомон Маҳмадбеков ба ҳолати 24 май дар вазни -73 килои раддабандии олимпӣ дар ҷои 31-ум мавқеъ дорад.