ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин марказ намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор Файзализода Сайфиддин Файзалӣ бунёд шудааст.
“Бо таъсиси ин маркази хизматрасонии маишӣ зиёда аз 70 нафар сокинони деҳаи мазкур соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки 80 фисадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар як шабонарӯз корхона имкон дорад, ки 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷуроб истеҳсол намояд.
“Инчунин дар бино дигар иншооти ёрирасон аз қабили мағоза, дорухона ва нуқтаи хизматрасонии бонкӣ бо насби постерминал ба инобат гирифта шудааст, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд”, - таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳур.
Инчунин ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи рангубори матоъи пахтагин муаррифӣ карда шуд.
“Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, масъулин нақша доранд, ки дар оянда бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти онро ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо бароҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми бештар гузоранд.