Яке аз ҳазор: гузориши аксӣ аз ниҳолшинонии раисиҷумҳур дар Данғара - акс

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 24 феврал дар ноҳияи Данғара ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшид

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара ҳазор нафар иштирок карданд.

Манбаъ афзуд, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд ва худи раисиҷумҳур низ ниҳоли себ шинонд.

“Дар маъракаи имрӯза себҳои навъи “Фуджи атсек” - 28 ҳазору 500 ниҳол, “Модӣ” - 16 ҳазору 200, “Ҷералдинӣ” - 16 ҳазор ва Пингледӣ” - 3 ҳазор дар маҷмуъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи Модӣ - “ММ -106” ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ илова намуд, ки ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз минтақаи Краснодари Русия ворид шудаанд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар маъракаи имрӯза низ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид.

Манбаъ зикр кард, ки соли 2018 низ дар ноҳияи Данғара дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, соли гузашта аз ноҳия ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содир шуд.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон, 24 феврал дар ноҳияи Данғара ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшид
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
1/7
Эмомалӣ Раҳмон, 24 феврал дар ноҳияи Данғара ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшид
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Данғара 1 ҳазор нафар иштирок доштанд
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
2/7
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Данғара 1 ҳазор нафар иштирок доштанд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНиҳолҳои дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз минтақаи Краснодари Русия ворид шудаанд
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
3/7
Ниҳолҳои дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз минтақаи Краснодари Русия ворид шудаанд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд ва худи раисиҷумҳур низ ниҳоли себ шинонд
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
4/7
Дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд ва худи раисиҷумҳур низ ниҳоли себ шинонд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДар маъракаи ниҳолшинонӣ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангхарском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
5/7
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон ба боғдорон маслиҳатҳо дод
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
6/7
Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон маслиҳатҳо дод
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСоли 2018 низ дар ноҳияи Данғара дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, соли гузашта аз ноҳия ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содир шуд
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
7/7
Соли 2018 низ дар ноҳияи Данғара дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, соли гузашта аз ноҳия ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содир шуд
Лентаи хабарҳо
0