ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Ҷаҳон – 2019 дар Бразил ба шаҳри Санкт Петербург меравад.
“Мусобиқаи 31-уми байналмилалӣ ба хотири аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин аз 4 то 14 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад”, - иттилоъ дод Кумита.
Манбаъ афзуд, дар мусобиқа иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст.
Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Полша, Қирғизистон ва Русия-2 бозӣ мекунад. Зери парчами дастаи дуюми Русия тими Санкт-Петербург – ғолиби соли гузаштаи мусобиқа - баромад мекунад.
Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Булғория, Молдова, Русия, Ҳиндустон ва гурӯҳи “В” аз дастаҳои Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.
Тими наврасони Тоҷикистон аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи Русия-2 ва 10 июн бо наврасони Полша вомехӯранд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.