Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистонро низ ба Узбакистон бурданд

© PixabayТеннисная ракетка, архивное фото
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон варзишгарони Узбакистон пирӯз гардиданд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, миёни писарон дар даври ниҳоӣ Азиз Дадабоев аз Узбакистон бар ҳамватанаш Максим Шин ғалаба кард.

Женская сборная Таджикистана по футболу  - Sputnik Тоҷикистон
Қуръакашии даҳ тими бонувони футболбоз барои қаҳрамонии Тоҷикистон

“Миёни духтарон низ Ситора Нормуродоваи узбекистонӣ пирӯз шуд. Ӯ дар финал варзишгари Русия Ксения Огурееваро шикаст дод”, - омадааст дар иттилоия.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон 11 май оғоз гардида дар он 98 варзишгар аз 16 давлат иштирок карда буданд.  

Қабл аз ин мусобиқа 5-10 май Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон (U-18) - “Tajikistan Open” баргузор шуд, ки дар он варзишгарони Лаҳистон ва Узбакистон ғолиб гардида буданд. Дар бозии ниҳоӣ миёни писарон Ян Вандемайер аз Лаҳистон бар Азиз Додобоев аз Узбакистон ва миёни духтарон Ситора Нурмуродова аз Узбакистон бар ҳамватанаш Севил Юлдошева ғалаба карданд.

Ҳар ду чорабинӣ ба мусобиқоти дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис – “ITF” дохил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0