Бонки миллӣ гаронӣ ва камбуди долларро тавзеҳ додааст

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон пас аз боло рафтани арзиши доллар аз 10 сомонӣ ва камбуди арзҳои хориҷӣ барои хариду фурӯш дар бонкҳои тиҷорӣ ва муассисоти молӣ ва эътибории кишвар, дар баёнияе иллати ин вазъро ташреҳ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин баёния 3 баробар будани мизони воридот бар содирот, афзоиши тақозо барои хариди арз, пардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар ва афзоиши харҷҳои арзии буҷаи ҳукумат ба манзури сохти таъсисоти зербиноии роҳбурдӣ аз ҷумлаи авомили камбуди доллар унвон шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ҳамарӯза барои харидорони арзҳои хориҷӣ ва бавижа доллар аз сӯи бонкҳои тиҷорӣ ва муассисоти молӣ ва эътибории ин кишвар, як миллиону 500 ҳазор доллар арза мешавад.

Дар Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ дар соли 2015 тамоми саррофиҳо баста шуд, ки ин тадбир низ корсоз набуд.

Коршиносон тавозуни содирот ва воридот ба нафъи воридотро авомили аслии навасоноти арзӣ дар ин кишвар медонанд.

Лентаи хабарҳо
0