ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро мулоқот анҷом дод.,итилоъ додааст хабаргузории “Ховар”
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар суҳбат бо хабарнигорон афзудааст, ки Чин бо Тоҷикистон шарикии стратегиро ҳамаҷониба дасгирӣ менамоянд ва дар ин самт барои татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати муқовимати якҷоя бо чолишҳо ва таҳдидҳо робитаҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст.
“Муносибот миёни Чин ва Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дорои чор сифати тиллоӣ — ҳамсоягони хос, дӯстони нек, шарикони боэътимод ва бародарони азиз мебошад. Моро зарур аст, ки тафовуқҳои сиёсӣ ва иқтисодии дар сатҳи олӣ бадастомадаро дар амал татбиқ намоем”, -гуфт вай.
Ба гуфтаи Ван И, Чин ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшуда — ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ҳаматарафа ҷонибидорӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар доираи сафар расмӣ ба Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар омодагии худро ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳор доштанд.