Раҳмон: Тоҷикистон ба рушду густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, бо Чин манфиатдор аст

Обуна шудан
Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Имрӯз, дар Қасри миллат Эмомаль Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯнамоии китобаш дар Чин

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба рушду густариш ва таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишвари Чин манфиатдор аст.

“Аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаҳои санадаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ карда шуд”, - қайд намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Инчунин тарафҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат,энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология муҳокима карданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

“Дар ин замина тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид карда шуд”, - зикр намуд манбаъ.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳамчунин мавзуҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳали мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0