ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар рафти нишасти матбуотии натиҷаҳои иҷлосияи сарон дар Ветнам рӯзноманигорони Ғарб шигифтзада шуданд, ки рӯзноманигори оҷонсии иттилоотии Sputnik тавонист ба президенти ИМА Доналд Трамп савол диҳад.
Баъди мулоқоти раисҷумҳури Амрико бо роҳбари Ҷумҳурии мардумии демократии Корея Ким Чен Ин рӯзноманигори Русия аз Доналд Трамп дар бораи имконияти назорати таъсисоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ пурсон шуд.
Раисҷумҳури Амрико дарҳол посух гуфт, ки намояндагони Вашингтон метавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Намояндагони расонаҳои Ғарб дарҳол ин саволу ҷавоби рӯзноманигор ва президентро баррасӣ карданд.
"Ожносии тарғиботии иттилоотии Sputnik ба Трамп савол дод", - навиштааст дар Twitter хабарнигори Yahoo News дар Қасри сафед.
Trump is now taking a question from Russia's Sputnik news agency.
— Harry Horton (@harry_horton) 28 февраля 2019 г.
Сармуҳаррири агентии иттилоотии Feature Story News Саймон Маркс ҳам дар Твиттер дар ин бора навиштааст: "Трамп ба саволи хабаргузории русии Sputnik посух гуфт".
Trump manages to take a question from Russian propaganda outfit Sputnik. Naturally.
— Simon Marks (@SimonMarksFSN) 28 февраля 2019 г.
Хабарнигори Қсари смафед Харри Хартон низ навиштааст: "Трамп ҳоло ба суоли хабаргузории русии Sputnik посух медиҳад".
Trump is now taking a question from Russia's Sputnik news agency.
— Harry Horton (@harry_horton) 28 февраля 2019 г.
Ёдрас мешавем, пештар Сараҳ Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, феълан созише ҳосил нашудааст, аммо тимҳои ҳар ду ҷониб бесаброна мулоқотҳои ояндаро интизоранд. Ӯ афзудааст, ки роҳбарони ду кишвар роҳҳои гуногуни ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Кореяро баррасӣ намуданд.
Дар ин мулоқот Трамп аз роҳбарии Ким тавсиф карда, изҳори боварӣ намудааст, ки зери роҳбарии ӯ Кореяи шимолӣ ба дастовардҳои бузург ноил хоҳад шуд.