ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон бо масъулини шаҳр машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он масъалаи рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳр бунёд мешаванд, мавриди баррасӣ гардид.
Тавре манбаъ хабар додааст, муовини сарвазир зимни машварати корӣ зикр намудааст, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёди 613 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Азим Иброҳим ба масъулин дар бораи муайян намудани қитъаи замин, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тарҳи бино, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ҷалби мутхассисону сармоягузорон, ки бояд тариқи “Равзанаи ягона” дар маҳал ба сурат бигирад, дастур додааст.
Инчунин дар машварат қайд карда шуд, ки рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимию тиббӣ, бунёди инфрасохтор дар маҳаллаҳои навбунёд-муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, симчӯб, ноқил, роҳ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад.
“Ҳамзамон дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба ободонии маҳаллаю шаҳракҳо, хусусан дар самти мусоидат дар ивазкунии симчӯбҳои фарсуда, таъмири роҳҳо, таъмиру тармим, рангуборкунии биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, бо мақсади таъмини ҳолати санитарию тозагии доимии маҳал ташкили нуқтаҳои партов дар деҳаву дигар марказҳои аҳолинишин, сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ дар назди биноҳои баландошёна, ба танзим овардани растаҳои бозори марказӣ, таъмини ҳолати санитарӣ ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур матраҳ гардиданд”, - хабар додааст манбаъ.