ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон имзо шуд, коллеҷи Кангурт, ба сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шомил мегардад.
Инчунин бар асоси ин қарор, коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара низ ба сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил карда мешавад.
Раисиҷумҳур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки масоили ташкилии муассисаҳои мазкурро ҳал намояд.
Инчунин Вазорати молия дастур гирифтааст, ки маблағгузории муассисаҳои давлатии коллеҷҳои тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва ноҳияи Данғараро таъмин созад.