Душанбеи бехатар: ҳаёти 4000 сокини пойтахт бехавф шуд

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наргисой Тӯйчиева, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи БДА гуфт, ки тавассути бунёду барқарорсозии гузаргоҳҳо миқдори садамаҳои нақлиёти нисбат ба соли гузашта 18 бор кам, фавт дар натиҷаи садама 38 адад кам ва маҷрӯҳӣ 40 адад кам ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар назди Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе гузаргоҳи пиёдагарди инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, ки дар маросими ба истифода додани гузаргоҳи нав сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филлпот, намояндагони  ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ташкилоти Насли ҷавони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зебогии Душанбе Миан Воҳид-уд-Динро мафтун кард

Пас аз муаррифии гузаргоҳи нав дар толори Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои сохтмону азнавсозии гузаргоҳҳои пиёдагард дар раванди таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Наргисой Тӯйчиева, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  дар мизи мудаввар баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки тавассути бунёду барқарорсозии гузаргоҳҳо миқдори садамаҳои нақлиёти нисбат ба соли гузашта 18 ҳодиса кам, фавт дар натиҷаи садама 38 адад кам ва маҷрӯҳӣ 40 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар нишасти мазкур вобаста ба масъалаҳои пиёдагардӣ ва тартиби муайянсозии гузаргоҳҳо, паёмадҳои тиббии садамаҳои нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбута роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Марта Эверард,  роҳбари идораи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, директори ташкилоти ҷамъиятии Насли ҷавони Тоҷикистон Наимҷон Мирзораҳматов маърӯза намуда, аз натиҷаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аз гузаргоҳи нави назди Муассисаи давлатии  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҳамарӯза наздики 4000 нафар убур карда, бехавф ба манзили мурод мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0