Зебогии Душанбе Миан Воҳид-уд-Динро мафтун кард

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зебогиҳои Душанбе фиристодаи  махсуси Вазорати корҳои дохилии Покистон Миан Воҳид-уд-Динро мафтун кардаанд

 ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Фиристодаи  махсуси Вазорати корҳои дохилии Покистон Миан Воҳид-уд-Дин, ки дар шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил" қарор дорад ибрози дӯстдорӣ аз Тоҷикистон кардааст. Дар ин бора агентии "Ховар иттилоъ додааст. 

Рахмон и министр иностранных дел Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: мо ба рушди муносибатҳо бо Қазоқистон аҳамияти хоса медиҳем

"Душанбе, бешак шаҳри дӯстдорони табиат ва дорои гулгаштҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии зиёд мебошад. Шаҳри шуморо дӯст доштам ва мехоҳам бори дигар  ба ин ҷо биоям",- гуфтааст фиристодаи  махсуси Вазорати корҳои дохилии Покистон Миан Воҳид-уд-Дин.

Ба гуфтаи "ин ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон бисёр муҳим, саривақтӣ ва мубрам аст. Он кишварҳо ва созмонҳои манфиатдорро дар самти мубориза бар терроризм муттаҳид менамояд".

Ӯ гуфтааст, ки иштирокдорони конфронси имрӯза бо мақсади таҳияи стратегияи мубориза бар зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил ва аз сарзамини худ решакан кардани онҳо ба ҳам омадаанд.

"Мо бояд амнияти дохилиро таҳким бахшем ва якҷоя бар зидди терроризм мубориза барем, инчунин ба таҳдидҳои он қатъиян омода бошем", — зикр намуд ӯ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Вазирони  корҳои хориҷии  "Осиёи Марказӣ+Япония"-ро ба ҳузур пазируфт

Ӯ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон мебошад. "Ман бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам. Душанбе бешак шаҳри дӯстдорони табиат ва дорои гулгаштҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии зиёд мебошад. Аз тозагии шаҳр, ки нисбат ба аксарият пойтахтҳо тозатар аст, хеле хушам омад. Ба нафароне, ки онро чунин тоза нигоҳ медоранд изҳори ташаккур менамоям. Шаҳри шуморо дӯст доштам ва мехоҳам бори дигар ба ин ҷо биоям", — таассуроташро чунин баён дошт Миан Воҳид-уд-Дин.

Ба иттилои ӯ, дирӯз дар доираи ташрифаш ба Тоҷикистон ӯ ҳамчунин аз Қалъаи таърихии Ҳисор ва дараи зебоманзари Варзоб дидан намуд. "Зебогии ин маконҳо маро сахт тасхир кард. Қалъаи Ҳисор таърихи қадимаи ин минтақаро таҷассум мекунад ва дар дараи Варзоб метавон аз табиати нотакрор, ки касро ба худ мафтун месозад, баҳраманд гардид", — иброз дошт мусоҳиб.

Лентаи хабарҳо
0