Эмомалӣ Раҳмон: мо ба рушди муносибатҳо бо Қазоқистон аҳамияти хоса медиҳем

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Қазоқистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik.  Имрӯз,18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи "Осиёи марказӣ + Япония" Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

"Мо ба рушду густариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасмандем ва мулоқоти имрӯза дар доираи Муколама имкони дигари муҳокимаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад", - изҳор доштааст раисҷуҳур

Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, муҳокима гардид ва ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

Лентаи хабарҳо
0