ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурўҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи номбурда Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадалиев, зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода гуфт, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар шаш ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо тибқи талаботи қонун комиссияҳои татбиқи забон, фаъолият доранд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода доир ба натиҷаҳои кори гурўҳи корӣ иттилооъ дода, зикр кардааст, ки бояд дар тарғибу ташвиқи мақоми забони давлатӣ теъдоди тоблуву овезаҳо бештар бошанд.
"Ҳамзамон, доир ба маводи дастуротии омоданамудаи Кумита роҷеъ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масоили марбут ба татбиқи Қонуни забон дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд",-омадааст дар хабарнома.
Иштирокчиёни мулоқоти Обиддин Ваҳҳобов, корманди Шабакаҳои барқи Суғд, Сурайё Гадоева, сарвари гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба тарҷумаи луғатҳои техникӣ, забони васоити ахбори омма, телевизион ва радио, инчунин ташкили барномаҳои ҷолиби имлошиносӣ ва монанди ин ибрози андеша кардаанд.
Дар ин дидор ҳамчунин, кормандон ва масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии шаҳр, котибони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳр низ ширкат кардаанд.