Умед Ҷайҳонӣ ҷойгузини “шустушӯи нақлиёт”-ро пешниҳод кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВладелец отчищает свою машину от налипшего снега во время снегопада в Москве, архивное фото
Владелец отчищает свою машину от налипшего снега во время снегопада в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик пешниҳод дорад, ки ба ҷои “шустушӯи нақлиёт”, ки мояи нигаронии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гардидааст, вожаи “худравшӯӣ” истифода шавад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҷайҳонӣ мегӯяд, “Автомойка” ба забони мо “худравшӯӣ” мешавад ва ҷомашӯиро мисол оварда, афзудааст, ки “худравшӯӣ”-ро ҳам аз рӯи он месозем.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Кумита ба шаҳрдорӣ: “шустушӯи нақлиёт” ва “мо кушода шудем” дуруст нест

Ҷайҳонӣ тавзеҳ додааст, ки “худрав” худ аз рӯи вожаи фаронсавии “automobile” рӯбардор шудааст, аммо шевае ки “худрав” сохта шудааст, дар забонҳои эронӣ пешинае дерина дорад.

Ӯ зикр кардааст, ки “automobile” аз ду вожа, “αὐτο”-и юнонии бостон — “худ” ва “mobilis”-и лотинӣ — “раванда” сохта шудааст. Вай  далел овардааст, ки бо ҳамин шева дар забонҳои эронии шарқӣ, аз ҷумла яғнобӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, шуғнӣ, рошорвӣ, вахонӣ ва ғайра калимаҳо сохта шудаанд.

Ҷайҳонӣ таъкид намудааст, ногуфта пайдост, ки “худрав” расову зоёву шевост ва бо чунин пешинаву пуштивонае корбурдаш низ равост. Ӯ афзуд, ки истиллоҳи худравшӯӣ аз вожаҳои сохта ва татбиқшудаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст ва маҳалли шустушӯи худравҳо бо дастгоҳҳои худкорро "худравшӯӣ" меноманд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳи овезаҳо бо навиштаҷоти “шустушӯи нақлиёт”, “мо кушода шудем” ва амсоли инҳо ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардааст.

Гавхар Шарофзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ваҳдату Истиқлол камтар мешаванд: ҷонибдории Ҳукумат аз тағйири ҷойномҳои такрорӣ

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ гуруҳи муштараки корӣ таъсис дода мешавад, ки ба ислоҳи ин камбудиҳо машғул хоҳад шуд.

Ӯ изҳор дошт, ки “шустушӯйи нақлиёт” дуруст нест. Кумита “шустани мошин”-ро пешниҳод кардааст, вале ба гуфтаи Шарофзода пешниҳоди ниҳоиро гуруҳи корӣ ироа хоҳад кард.

Раиси Кумитаи забон гуфт, навиштаҷоти “мо кушода шудем” низ тарҷумаи таҳтуллафзии нодуруст мебошад. Аммо масъулини Кумита феълан ҷойгузини онро ироа накардаанд.

Гавҳар Шарофзода изҳори боварӣ намуд, ки гуруҳи кории муштарак бо шаҳрдорӣ ташкил хоҳад шуд ва ин камбудиҳо ислоҳ мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0