Дипломати Русия дар Душанбе: 10 000 ҷангҷӯи омодаи убури марз дар Афғонистон ҷамъ шудаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗамглавы МИД РФ Олег Сыромолотов, архивное фото
Замглавы МИД РФ Олег Сыромолотов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, дар қаламрави Афғонистон 8 пойгоҳи террористии русзабон фаъолият доранд, ки таҳдид ба амнияти Осиёи Миёна мебошанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Олег Сиромолотов, ноиби вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, вазъи навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистон дар Афғонистон мояи нигаронист.

Министр сельского хозяйства России в Хатлоне - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои баланди вазири рус Дмитрий Патрушев ба кулчаҳои бонувони Хатлон

“Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон феълан мояи нигаронист, чун дар он ҷо ҳудуди 10 ҳазор ҷангҷӯи омодаи убури марз ҷамъ омадаанд”, - изҳор дошт Сиромолотов дар ҳошияи конфронси мубориза бо терроризм дар Душанбе.

Мақомдори Русия инчунин таъкид кардааст, ки ҳаракати “Толибон” (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) тамоми афғонҳоро даъват намуд, ки алайҳи “ДОИШ” дар ин кишвар мубориза баранд.  

Ба гуфтаи дипломати Русия ҳузури 8 пойгоҳи русзабони террористӣ дар қаламрави Афғонистон, ки зодагони Осиёи Марказиро дар бар мегиранд, барои минтақа таҳдидовар мебошанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чингиз Айдарбеков - Sputnik Тоҷикистон
Хело меҳмоннавозед: баҳои баланди вазири қирғиз ба Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон

Сиромолотов инчунин вобастагии зичи терроризм ва гардиши маводи мухадирро дар Афғонистон таъкид кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки тавлиди мухаддирот дар Афғонистон ва даромад аз он таҳти назорати гуруҳҳои террористӣ қарор дорад.

Феълан дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” бо иштирокдорони мақомдорони кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0