Хело меҳмоннавозед: баҳои баланди вазири қирғиз ба Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти президенти ҶТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чингиз Айдарбеков
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чингиз Айдарбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон ба баргузории конфронси "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он" баҳои баланд додааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи конфронси бузурге, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо вазири умури хориҷаи Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданад.

"Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишварҳои мо тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар давлатҳои худ ва минтақа саҳми фаъол дошта бошанд", - иқтибос меорад аз сӯҳбати раисҷумҳур бо Айдарбеков дафтари матбуотӣ.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба президент ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд додааст.

Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, инчунин муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Конфронси бузург дар Душанбе 7-18 май баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0