Дастури Рустами Эмомалӣ ба тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе
Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шариф Рамазон фаъолияташонро аз соати 11:00 оғоз намоянд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар ташрифи меҳмонон ва сайёҳони зиёд ба пойтахти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки тарабхонаҳои шаҳр фаъолияташонро аз соати 11:00 оғоз намоянд.

Ярмарка для милиционеров в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешгирии гароншавии нархҳо дар Рамазон: ташкили ярмаркаҳои арзон бо қарори Рустам Эмомалӣ

“Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур доданд, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат намоянд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин шаҳрдорӣ қайд намудааст, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Нӯъмон Абуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, эълон карда буд, ки давоми соли 2018 ба кишвар беш аз 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда буд.

Инчунин вай таъкид намуд, ки омори пешниҳодшуда нисбат ба соли 2017  2,6 баробар зиёд мебошад.

Нӯъмон Абуғаффорзода раванди афзоиши  ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамонро ба сиёсати “дарҳои боз”-и ҳукумати Тоҷикистон, ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар, инчунин тавсеаи муносиботи  гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Узбакистон рабт дод.

Лентаи хабарҳо
0