Дар зарфи чор моҳ ба Тоҷикистон ба беш аз 1 млрд. доллар молу маҳсулот ворид гардидааст

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала, архивное фото
Работа грузового контейнерного терминала, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи омори Ожонсии омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми чор моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 15 млн. доллар молу маҳсулот ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми содирот дар зарфи чор моҳи соли равон ҳамагӣ наздики 320 млн. долларро ташкил додааст, ки беш аз се баробар аз воридот зиёдтар аст.

Ҳамин тавр, тамоили афзоиши воридот нисбат ба содироти маҳсулот ба Тоҷикистон идома дорад.

Корхонаи алюминийи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Воридот ба Тоҷикистон 21% коҳиш ёфтааст

Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар беш аз 51 млн. доллар афзудааст, аммо содироти маҳсулот аз кишвар наздик 12 млн. доллар ё худ ба андозаи 3,6% коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра  ба 695 млн. доллар баробар шуд.

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми чор моҳи соли равон дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 3,1% ё худ наздик ба 40 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ апрели соли 2019 Тоҷикистон бо 97 кишвари саросари дунё муомилоти тиҷорӣ доштааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (332 млн. доллар), Қазоқистон (277 млн. доллар) ва Чин (180 млн. доллар) маҳсуб меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0