Кам монд: Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 88 дар сад иҷро шуд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даъвати баҳорӣ ба хидмати сарбозӣ дар ҶТ 1 апрел оғоз шуд ва то 31 май идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Барномаи даъвати баҳорӣ ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ба ҳол 88 дарсад иҷро шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати дифоъи Тоҷикистон, ин шохис дар ВМКБ 103 дарсад, дар Суғд 87 дарсад, дар Хатлон 86 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ87 дарсад ва дар Душанбе 100 дарсад иҷро гардид.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ ба хидмати сарбозӣ дар ҶТ 1 апрел оғоз шуд ва то 31 май идома хоҳад ёфт.

Ветеран ВОВ Ахмаджон Хобилов - Sputnik Тоҷикистон
Аз набард то зафар: қисаҳои Аҳмадҷон Ҳобилов

Аввалҳои моҳи апрел нақшаи даъват ҳамагӣ 36 дар сад иҷро шуда буд.

Ин барнома дар ВМКБ 106 дарсад, дар устони Суғд 35 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 36 дарсад, дар устони Хатлон 32 дарсад ва дар Душанбе 36 дарсад иҷро шуд.

Аввалин шуда нақшаро вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷро кард.

Лентаи хабарҳо
0