ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Аҳмадҷон Ҳобилов аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз онҳост. Ин бобои 94 сола мегуяд, замоне, ки 18 сола шуд, ба хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Он замон Аҳмадҷон ба мисли ҳамсолонаш барои гирифтани маълумоти пурра ба мактаби 10 солаи деҳаи Чкалов дохил шуда буд. Аммо шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дари мактаби онҳоро баст. Мактаби онҳоро ба госпиталӣ муолиҷавӣ табдил доданд. Бо ҳамин хониши пурраи мактаб, барои Аҳмадҷону шарикдарсонаш нотамом монд:
“Ман 18 сола будам ва дар колхози “Маданият” кор мекардам. Озуқа меғундоштам. Онро ба фронт мефиристоданд. Он солҳо дар баробари кор дар саҳрои колхоз моро машқи ҳарбӣ меомӯзонданд. Соли 1944 маро ба хизмати аскарӣ ба шаҳри Самарқанд бурданд ва ба полки тирандоз-пиёдагарди № 211 ҳамроҳ карданд. Баъдан ба Украина фиристоданд. Баъди озод кардани хоки Украина аз фашизм, моро ба Олмон интиқол доданд. Сипас тавассути кӯҳи Карпат ба шаҳри Прагаи Чехословакия рафтем”,- гуфт Аҳмадҷон Ҳобилов.
Аҳмадҷон Ҳобилов мегуяд, бо рафтан ба хизмат ва ғалаба бар муқобили фашизм гуё таҳсили мактаби миёнаро ба мактаби зафар иваз кард. Ва барои он, ки ӯ дар ин мактаб ба комёб расад ва оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хомӯш шавад, 7 сол дар хизмати сарбозӣ истод. Ин ҳафт сол ҳам ба осонӣ сипарӣ нашуд, балки рӯзҳои гуруснагӣ, шабҳои бехобӣ, таҳдиди тирборон ва оташи ҷангро ҳамеша ба дунбол дошт. Ин солҳо ҳеҷ кас эмин мондани ҷони худро фикр намекард.
Аҳмадҷон Ҳобилов дар бораи як ҳолати захмишавии сару рӯяш аз пораҳои маводи мунфаҷираи он солҳо нақл кард.
“Рӯзи 8 - уми май буд. Мо дар шаҳри Лоубан қарор доштем. Он ҷо ҷанг хеле сахт мерафт. Аз ҳарду ҷониб ҳуҷум, тирпарронӣ беист ҷараён дошт. Снаряд ва бомбапартоӣ буд. Дар ин ҷо чандин ҳамяроқони ман аз зарби тир кушта шуданд. Пораҳои бомба сару рӯи маро ҳам захмин кард. Аммо Худоро шукр, ки ман дар он ман зинда мондам”- афзуд куҳансарбоз.
Аҳмадҷон Ҳобилов дар суҳбат бо мо рӯзи ғалаба бар фашизмро баён кард. Ӯ гуфт, ки ҷанг бар муқобили фашизм дар шаҳри Прага то дери шаби рӯзи 9 -уми майи соли 1945 давом кард. Соати яки шаб буд, ки садои бомбаборон якбора хомӯш шуд. Ин хомушӣ то саҳар идома кард. Ва рӯзи 10- уми майи соли 1945 эълон доштанд, ки ҷанг тамом шуд ва Давлати Шӯравӣ бар муқобили фашизм пирӯз шуд.
“Ин вақт хурсандии мо ҳама сарбозону афсарон бе ҳудуд буд. Ҳама якдигарро ба оғуш кашида аз пирӯзӣ табрик мекардем. Дар он вақт аз тариқи радио Иосиф Сталин баён дошт: (Мы победим, враг будет убить) Ниҳоят Германияи фашистӣ, ки номардона ҷангро сар карда буд, шикаст хурд”,- гуфт ӯ.
1600 километр пиёдагардӣ
Дар моҳи июни соли 1945, баъд аз як моҳи эълони ғалаба бар фашизм Аҳмадҷон Ҳобилов дар қатори дигар аскарону афсарон аз шаҳри Прага ба Берлини Олмон сафарбар карда мешавад. Сипас полки 11/58, ки Фронти 1 - уми Украина ба ҳисоб мерафт ба сӯи Будапешт равона карда мешавад. Аҳмадҷон ҳам шомили ин полк то расидан ба ин сарзамин 1600 километро роҳро дар тӯли беш аз як моҳ пиёда тай мекунанд.
Аҳмадҷон Ҳабилов гуфт, ки то соли 1947 барои комилан тоза кардани сарзамини Венгрия аз фашистон иштирок намудааст. Дар миёнаҳои соли 1947 ӯ, ба комендатураи ҳарбии шаҳри Берлин зери фармондеҳии Жуков фиристода мешавад. То соли 1950 дар Олмон дар шаҳрҳои Дрезден, Хемнис, Потздам ва мавзеи Телто хизмат мекунад.
Моҳи июли соли 1950 Аҳмадҷон хизмати сарбозиро ба итмом расонида, ба зодгоҳаш деҳаи Хистеварз бармегардад. Барои хизмати шуҷоатмандона тӯли ин сол ӯ борҳо бо медалу орденҳои ҶБВ ва диплому сипосномаҳо қадршиносӣ мегардад.
Аҳмадҷон Ҳобилов дар моҳи августи соли 1950 бо Хайринисо ном духтари ҳамдеҳааш оила барпо мекунад. Ҳамсари ӯ Хайриниссо яке аз беҳтарин пахтачинон дар колхоз ба ҳисоб мерафт ва хизматаш дар кори колхоз дар ақибгоҳ назаррас.
Аҳмадҷону Хайриниссо соҳиби 4 фарзанд Зебинисо, Комилҷону Шарифҷон ва Абдурашид шуданд.
Сарнавишти ибратомӯз
Шарифҷон писари Аҳмадҷон мегуяд, сарнавишти падараш ва даҳҳо дигар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ӯву бародаронаш ва дигар ҷавонон аз он ҷиҳат пандомӯз аст, ки онҳо дар мудҳиштарин лаҳзаҳо ҷони худро фикр накарданд ва дар ҷанг бар муқобили фашизм истодагарӣ карданд.
“Германияи фашистӣ бе эълон ҷангро оғоз кард. Дар он даҳҳо ҳазор ҷавонон кушта шуданд, модарон бе саробон монданд. Аз ин ҷанг чи қадар хисорот ба зиндагии мардумони он замон расид. Ҷое, ки ҷанг аст, хушӣ нест, ободӣ нест, осудаҳолӣ нест. Хушбахтона бо далерию шуҷоатмандии Артиши Шӯравӣ фашизм шикаст хурд, ва мардум нафаси осуда кашиданд”, иброз дошт Шарифҷон, писари Аҳмадҷон Ҳобилов.
Аҳмадҷон Ҳобилов сар аз моҳи августи соли 1950 кори худро дар колхози зодгоҳаш Хестеварз (Қистақӯз) ҳамчун ҳисобдори бригадаи механизатсия оғоз мекунад. Баъд аз хатми курси як солаи ҳисобдорӣ дар соли 1960 сарҳисобдори колхози ба номи Маленков (ҳоло Д. Азизов) таъин шуда, ва 42 сол, то соли 1992 мемонад.
Аҳмадҷон Ҳобилов ҳоло аз нафақахӯрони 94-солаи Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Аз ҳисоби кор ва хизматаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар моҳ 900 сомонӣ нафақа мегирад.
Шавкат Алиев муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Суғд мегуяд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳисоби Аҳмадҷон Ҳобилов, 73 нафар Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 368 нафар собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг (1941 - 1945) умр ба сар мебаранд.
Ба гуфтаи Шавкат Алиев, ҳукумати вилояти Суғд бар иловаи нафақа ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии ҳармоҳ 80 то 100 сомонӣ дигар ҷудо намуда, ҳамчунин ҳар сол то 80 роҳҳати истироҳат ба осоишгоҳҳоро тахсис медиҳад. Ӯ зикр кард, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд, имсол дар арафаи Иди Ғалаба ҳар кадом собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ бо 1500 то 2000 сомонӣ идипулӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Аҳмадҷон Ҳобилов ҳоло ҳамроҳи фарзандону наберагонаш ба сар мебарад ва шукр мекунад, ки дар ҷавонӣ зиёд сахтиҳоро таҳаммул карду имрӯз ба дараҷаи бобоӣ расид. Фарзандону наберагонаш низ аз он хушнуданд, ки дар иҳотаи чунин як боби диловар ба камол мерасанд.