Намозхонӣ ва ифтори Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Рамазон Қодиров-видео

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони ЮФС Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ҳамроҳ намоз хонданду ифтор карданд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Варзишкори машҳури ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар моҳи шарифи Рамазон ҳамроҳ намоз хонданд, дар ин бора Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст.

"Дирӯз бо даъвати Бародар @za_kadyrova_95eng дар ифтор будем. Раҳмати калон Бародар. Аз дидор бо шумо ва дигар Бародаронамон беҳад шод шудам. Бигзор Худованд хайри шуморо қабул кунад",-навиштааст Ҳабиб.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

Бояд гуфт, ки президенти Чеченистон ба ҳунару маҳорати Ҳабиб арҷ мегузорад. Пештар раисиҷумҳур ҳангоми пирӯзии Ҳабиб бар Макгрегор ӯро табрик карда буд.

Трамп дар Касри сафед ифтор дод

Ӯ гуфт, барои Конор Макгрегор ҳангоми рақобаташ бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов лаҳзаи ҳақиқат расид.

Молитва во время хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз намози таровеҳ бо автобуси ройгон хона равед: Нурсултон

“Мо ба Ҳабиби мағлубнашаванда бовар доштем. Конор фикр мекард, ки рақобат бо Ҳабиб осон аст ва ӯ ба осонӣ пирӯз мешавад. Лаҳзаи ҳақиқат дар майдони ҳашкунҷа (октагон) расид. Ҳабиб аз лаҳзаҳои аввал рақибашро аз хоб бедор кард. Рақиб фаҳмид, ки Ҳабиб беҳтарин рассомест, ки метавонад симои ӯро ба тасвири бо рангҳои сурх кашида шуда табдил диҳад”, - таъкид кард Қодиров.

Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Рамазон-2019: тақвими моҳи шариф дар Душанбе ва Маскав

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. 

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. 

Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Лентаи хабарҳо
0