Мақоми дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯи интихоби довталабон

© Sputnik / Алексей МальгавкоДиктант
Диктант - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба Доишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 75 331 довталаб ҳуҷҷат супоридааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестӣ оид ба ҷараёни интихоби муассисаҳои таълимии олии кишвар, ба Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 75 331 ҳуҷҷат супорида шудааст.

Тавре мақомоти вилояти Суғд бо такя ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, ин нишондиҳанда аз 1 март то 30 апрели соли 2019 (дар асоси коркарди аввал) пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюм касб намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

Хоҳишмандон зиёданд: Маркази тестӣ аз тамдиди мӯҳлати бақайдгирии довталабон хабар дод

"Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст",-омадааст дар хабарнома.

Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

Довталабон дар кластери якум ба ихтисосҳои информатика, математика, дар кластери дуюм ба ихтисосҳои кори бонкӣ, география, дар кластери сеюм ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, дар кластери чорум ба ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ ва дар кластери панҷум ба ихтисосҳои биология, химия, биология ва химия, кори тиббӣ-биологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0