ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, кормандони раёсати Агентӣ мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, корманди Вазорати адлияи Тоҷикистон Алибоев Алишер Абдуҷабборович, барои гирифтани пора боздошт шудааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки муовини сардор оид ба ҳайати шахсии Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, майори хизмати дохила Алибоев Алишер Абдуҷабборович аз шаҳрванд “А” барои аз муассисаи мазкур ба муассисаи ислоҳӣ нагузаронидани маҳкумшуда “Б” маблағи 8000 сомонӣ талаб намуда истодааст.
“Номбурда дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуда, маблағҳои пулии мазкур ҳамчун далели шайъй аз ӯ дарёфт карда гирифта шуд”, - гуфт Агентӣ.
Манбаъ таъкид намудааст, ки нисбати ҳолати мазкур рӯзи 25 феврали соли равон нисбати Алибоев А.А. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Агентӣ зикр кардааст, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Алибоев А.А. баъд аз ба итмом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.