Нигаронии Раҳмон аз муфлисшавии бонкҳо ва супориши қатъӣ ба Вазорати молия

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва муфлисшавии чор бонки кишвар изҳори нигаронӣ карда, ба Вазорати молия барои татбиқи технологияи рақамӣ дар ду соли минбаъда, супоришҳои қатъӣ дод.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.

Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амволи "Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба фурӯш гузошта мешавад

Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.

Ҳарчанд ки тайи 10 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида истодааст, вале сифати он моро қонеъ карда наметавонад.

Вобаста ба ин, дар соҳаҳои иқтисоду молия ва бонкдорӣ камбудиву мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки андешидани чораҳои дахлдорро тақозо менамоянд.

Вобаста ба роҳҳои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои дар барномаву нақшаҳои давлатӣ пешбинишуда дар паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлисҳои Ҳукумат масъулин пайваста барои ислоҳи камбудиву мушкилоти мавҷуда вазифадор карда мешаванд.

Аммо якчанд масъалаи муҳим, алалхусус, ҷараёни нокифояи татбиқи ислоҳоти идораи молияи давлатӣ ва таъмин намудани суботи молиявӣ дар кишвар, номукаммалии низоми маъмурикунонии андоз, афзоиши номувозинатӣ ва иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва муфлисшавии чор бонки кишвар ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла ба тақозои замона мувофиқат надоштани сатҳи касбияти кадрҳои бахши иқтисодӣ, яъне соҳаҳои молия, буҷету андоз ва пулию қарзӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидаанд.

Низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Бо ин мақсад, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ оғоз гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми молияи кишвар тадриҷан такмил дода шуданд.

Дар натиҷаи таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ дар даҳ соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне 4 баробар зиёд гардид.

Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ин давра 19,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 8,6 миллиард сомонӣ грант ва 10,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарз аз худ карда шудаанд.

Дар соҳаи молия стратегияҳои идоракунии молияи давлатӣ ва қарзи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд.

Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати низоми молиявӣ, пешрафти инфрасохтори он, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, таҳким бахшидан ба иқтидори кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши молиявӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

Ноил шудан ба ин мақсадҳо аз роҳбарият ва мутахассисону кормандони бахшҳои иқтисодиёт, молия ва бонк маҳорати касбӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Зайдуллоев барои 115 млн қарзи ғайриқонунӣ бо пуштгирии раисони "Агроинвестбонк"

Тибқи талаботи Стратегияи амалишудаистодаи идоракунии молияи давлатӣ банақшагирии хароҷоти давлатӣ барои се сол ҷорӣ гардид ва дар ин замина нақшаҳои кутоҳмуддат бо нақшаҳои миёнамуҳлат мувофиқ гардонида шуданд.

Дар доираи ислоҳоти самтҳои алоҳидаи идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо таҳияву татбиқи буҷети давлатӣ дар асоси барнома роҳандозӣ шуда истодааст.

Аммо фаъолияти сохтору мақомоти марбута дар ин самт ҳанӯз нокифоя буда, амалияи ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ ҳам дар сатҳи вазорату идораҳои алоҳида ва ҳам аз ҷониби Вазорати молия андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Вазорати молия бояд дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти таъмин намудани самаранокӣ, мақсаднокӣ, шаффофият ва назорату арзёбӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар самти риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи вазоратро тавсеа бахшад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки вобаста ба қабули буҷети давлатӣ аз рӯи барномаҳои соҳавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда шаванд.

Муосиргардонии низоми идоракунии молияи давлатӣ тақозо менамояд, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ва назорати қисмҳои даромаду хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ технологияҳои рақамӣ ҷорӣ карда шаванд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: тақдири "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба наздикӣ ҳал мешавад

Чунин иқдом имконият медиҳад, ки буҷети давлатӣ дар ҳамаи зинаҳо дуруст ба нақша гирифта шавад.

Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки дар ду соли минбаъда низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамиро дар ҳамаи зинаҳои буҷети давлатӣ ва дар сатҳи маҳалҳо пурра татбиқ карда, оид ба иҷрои корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат мунтазам ҳисобот пешниҳод намояд.

Дар баробари ин, бояд иқтидори низоми молиявии кишвар тавассути самаранок ба роҳ мондани ҷараёни банақшагирии он, ташаккули захираҳои зарурӣ барои кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ (алалхусус, захираҳои фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт) ва тибқи меъёрҳои мавҷуда нигоҳ доштани мувозинати қисмҳои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ таъмин карда шавад.

Самтҳои асосии хароҷоти буҷети давлатӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин, таъмини амнияти давлат равона карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0