Эмомалӣ Раҳмон шарти муҳимтарини таъмини рӯзгори осударо гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳарчанд инсоният бо муборизаи дастҷамъона фашизмро саркӯб намуд, лекин имрӯз бо вабои дигари асри нав - радикализм ва экстремизму терроризм рӯ ба рӯ омадааст

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон шарти аслӣ ва муҳимтирни таъмини рӯзгори орому осударо дар таҳкими равобити нек ва дӯстии халқҳо мебинад.

"Сабақҳои сахту сангини мубориза бо фашизм ва пирӯзӣ бар он ҷаҳониёнро ҳамеша хушдор медиҳад, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот дар сайёра ва шарти муҳимтарини таъмин кардани рӯзгори орому осуда барои аҳли башар мебошад ва танҳо бо саъю талоши муштарак бар зидди нерӯҳои харобиовару бадхоҳ истодагарӣ кардан мумкин аст".

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳрулло Саидов 5000 сомонӣ фиристод

Эмомалӣ Раҳмон терроризму ифротгароӣ, миллатгароиву нажодпарастӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллиро аз таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир хонд ва тарғибу ташвиқи  сулҳу дӯстӣ, равобити неку созандаи халқу миллатҳои олам ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳоро кори ниҳоят муҳим мебошад.

"Ҳарчанд ки инсоният бо муборизаи дастҷамъона фашизмро саркӯб намуд, лекин имрӯз бо вабои дигари асри нав - радикализм ва экстремизму терроризм рӯ ба рӯ омадааст. Муқовимат бо чунин хатарҳои муосир низ муносибати бисёр ҷиддиву масъулона, талоши дастҷамъона ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи халқу давлатҳои ҷаҳонро талаб мекунад",-бовар дорад раисиҷумҳур.

Ёдрас мешавем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0