Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳрулло Саидов 5000 сомонӣ фиристод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Имрӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳрулло Саидов ва Малинина Робига рафта, эшонро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ табрик намуд, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоятро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд.

"Ба куҳансарбозон кӯмакпулии якдафъаинаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим карда шуд",-омадааст дар хабарнома.

Награды ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо даъвати Собянин: се куҳансарбози тоҷик 9 май-ро дар Маскав таҷлил мекунанд

Манбаъ афзуда, ки иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон, арзи сипос намуданд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз ду сол баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ”-ро расман иҷозат дод

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0