Эмомалӣ Раҳмон: фарзандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд

Обуна шудан
Субҳи имрӯз гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik.  Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ветеран ВОВ Ахмаджон Хобилов - Sputnik Тоҷикистон
Аз набард то зафар: қисаҳои Аҳмадҷон Ҳобилов

Бино бар иттилои манбаъ, дар аввал омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо гузориш дод.

Сипас баъд аз садо додани суруди миллӣ роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, рӯзи ғалабаро ба ҳамаи собиқадорони ҷанг ва ба мардуми кишвар самимона табрик гуфт.

Зимни суханронӣ раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки рӯзи Ғалаба барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги  шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

“Боиси ифтихори мост, садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки ҳукумати кишвар барои нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми иштирокчиёни ҷамъомад, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми халқи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу намуд. 

Пас аз анҷоми суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Ветеран ВОВ Мирзошариф Гафуров  - Sputnik Тоҷикистон
Мирзошариф Ғафуров: Худованд аз тири душман нигоҳ дошт ва ба синни 100-солагӣ расидам

Нахуст Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос дошт.

Ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

Сипас маросими тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0