Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон

Обуна шудан
Аз 300 ҳазор фиристодаи Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор нафараш дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, ки аз ин миён 54 кас бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, сарфароз гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Ҳазорон нафар ҷанговарони фиристодаи Тоҷикистон ба фронт баҳри озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. 

Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги ватанӣ

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд.

Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ: вақте аз таърих сабақ намегиранд

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд.

Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд.

Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки "Колхозчии Тоҷикистон" зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи "Тоҷикистони Советӣ" 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0