ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Аз соли 1941 то 1945 аз Тоҷикистон ба ҷанг 289 ҳазор нафар даъват шуданд. Наздики 45 ҳазор шаҳрвандон ба заводҳо ва дигар минтақаҳои ИҶШС, оварда шуда ба ҷанг равона карда шуданд.
Дар давоми солҳои ҷанг Тоҷикистон ба фронт 90 тонна пашм, 650 тонна ғалла, 19 ҳазор асп ва 36 ҳазор тонна гӯшт фиристод.
Тоҷикистон барои артиши мунтазам беш аз 3 ҳазор мошинҳои боркаш ва 100 трактор омода намуд.
Аллакай соли 1942 дар қаламрави Тоҷикистон бемористонҳои интиқолии низомӣ, ки дар онҳо 80 ҳазор низомиёни Артиши сурх ёрии таъҷилӣ гирифтанд, сохта шуда буданд.
30 адад корхона аз қисми ғарбии ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шуда, 20 завод, фабрика ва сехҳо дар давоми солҳои ҷанг дар Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд.
64 шаҳрванди Тоҷикистон-иштирокчиёни ҶБВ қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.