ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Кормандони милитсияи вилояти Суғд аз боздошти як сокини 39 солаи шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки ҳангоми намоз ба дуздии пул аз дохили худрави намозгузорони масҷид машғул будааст.
Бино бар иттилои манбаъ, шахси мазкур сокини 39-солаи шаҳри Хуҷанд буда, ҳоло бинобар халал ворид нашудан ба рафти тафтишот аз он М. А. ном бурда мешавад, замоне дастгир шудааст, ки ӯ бо роҳи мутобиқсозии калидҳо, дари худрави намозгузорони масҷиди “Нури Ислом”-ро дар вақти адои намоз, пинҳон аз чашми соҳибонашон кушода, ба рабудани пул аз дохили худравҳо машғул шудааст.
“Аз муроҷиатҳо бармеояд, ки М. А. чандин ҳолати пулдуздӣ дар вақти намоз аз дохили худрави шаҳрвандонро содир кардааст. Ӯ бо роҳи мутобиқсозии калид дари якчанд худравҳро ҳангоми намозхонии соҳибонашон кушода, аз дохили онҳо 2200 сомонӣ, 3000 сомонӣ то 21 000 сомониро дуздидааст”, - тавзеҳ додааст манбаъ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд қайд намуданд, ки шаҳрванд М. А. рӯзи 5-уми май аз сӯи кормандони милиса дастгир шуда ва маълум шудааст, ки ӯ давоми моҳи апрели соли равон ҳангоми намозгузорӣ ба хусус намози рӯзҳои ҷумъа дари чандин худравҳои саҳни масҷиди “Нури Ислом”-ро кушода, пулдуздӣ кардааст.
Масҷиди ҷомеъи “Нури Ислом” ҳоло аз калонтарин масҷидҳои шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва бисёриҳо барои иҷрои панҷ вақт намоз, намози рӯзҳои ҷумъа ва таробеҳ дар моҳи шарифи Рамазон ба он ҷо мераванд. Саҳну атрофи “Нури Ислом” васеъ буда ва барои нигоҳ доштани худравҳо мутобиқ ба назар мерасад. Аммо рухдоди пулдуздӣ аз дохили худрав ва он ҳам дар вақти намоз бисёре аз сокинонро нигарон кардааст.
Ҳоло нисбати муттаҳам, ки ба дуздии пули дохили худравҳо ҳангоми намозгузорӣ гумонбар дониста мешавад, аз ҷониби кормандони мақомоти милисаи Хуҷанд тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои дуздӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.