ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор мактуби роҳбарияти ҶДММ “Соҳибкор-2002” ворид шудааст, ки моҳи феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заводи хиштбарории ҶДММ “Соҳибкор-2002”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор як миқдор таҷҳизотҳои заводи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 200 000 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар мардони 25, 28 ва 36-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.