Бонки миллӣ боз ба як ташкилоти бима иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” ба муҳлати 5 сол иҷозатнома фаъолият дод

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Қарори навбатии Раёсати бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатномаи фаъолият ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” ба имзо расид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии тоҷикистон хабар додааст.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ ба низоми пардохти “BLIZKO” иҷозатнома дод

Бино бар иттилои манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 7 майи соли равон ба тасвиб расидааст.

“Мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои фаъолияти суғуртавии ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Масъулини Бонки миллӣ, ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур додааст, ки  ки роҷеъ ба қарори мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.  

Лентаи хабарҳо
0