Ширкати чинӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод 2 мактаби дигар месозад

© сомонаи Вазорати маорифи ТоҷикистонНуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон ба кормандони "ТВЕА" нишони "Аълочии маориф" дод
Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон ба кормандони ТВЕА нишони Аълочии маориф дод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати чинии "ТВЕА", ки пештар дар дигар маҳалҳои Тоҷикистон якчанд мактаб сохта ба истифода дода буд, тасмим гирифтааст дар Ваҳдату Файзобод  2 мактаби дигар бунёд кунад

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ширкати энержии чинии "ТВЕА" дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод  мактаб месозад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ афзудааст, ки ин ширкати Чин 2 мактаб, ки ҳар яке дорои зарфияти омӯзишу парвариши 1,2 ҳазор донишомӯзро мебошанд.

Переговоры Рустам Эмомали с представителями китайской компании ТВЕА - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинии ТВЕА дар шаҳри Душанбе мактаб месозад

Ёдовар мешавем, ки ширкати чинии "ТВЕА" дар солҳои гузашта дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғараву Рӯдакӣ чаҳор мактаб сохта буд. Ҳоло 3 ҳазору 120 нафар талаба дар ин мактабҳо ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Саид Вазири маорифи Тоҷикистон чанде пеш ба мудири ширкати “ТВЕА”, Чжан Син ва се корманди дигари он  -  Ли Биан Чю, Ван Джан, Чжао Ванг Шен нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон” супорида буд.

Ширкати “ТВЕА” аз татбиқкунандагони лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон буда, маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷониби ин ширкат бунёд гардида буд. Ширкати мазкур дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият дошта, иҷозатномаи коркарди конҳои кишварро дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0