Бо даъвати Собянин: се куҳансарбози тоҷик 9 май-ро дар Маскав таҷлил мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевНаграды ветерана ВОВ, архивное фото
Награды ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 244 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебарад

ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маросими асосӣ-гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург ширкат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Валӣ Сайёрабеков хабар медиҳад.

"Бо даъвати шаҳрдории Маскав ва Санкт-Петербург се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар маросимҳои марказии пойтахтҳои Русия, рӯзи 9-май ширкат мекунанд",-гуфт ӯ.

Парад Победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 9 май дар Душанбе гузашти низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

Ба гуфти ӯ собиқадорон-раиси Кумитаи собиқадорони ҷанг ва меҳнат-Раҳматулло Қудратов, сокинони шимолии Тоҷикистон – вилояти Суғд, Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов рӯзи 7 май, ба Маскав ва Санкт-Петербург мераванд.

Рӯзи 9 май дар Душанбе гузашти низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

Манбаъ афзуд, ки ба таҷлили Рӯзи пирӯзӣ ба Санкт-Петербург ҳамчунин собиқадори ҷанги Афғонистон Маҳмуд Тоштемиров даъват шудааст.

Ёдрас мешавем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Лентаи хабарҳо
0