ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид, хабар медиҳад мақомоти вилоят.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 6 майи соли 2019 Баҳром Иноятзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан озод гардида, Қурбонзода Амирхон Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин карда шуд.
Қурбонзода Амирхон Файзулло 3 августи соли 1964 ба дунё омадааст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад.
Қурбонзода дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, солҳои охир ба ҳайси сардори идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз дар вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон кор кардааст.
Раиси вилоят Аҳмадзода, ба Баҳром Иноятзода барои фаъолияти самаранокаш изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба Қурбонзода Амирхон Файзулло комёбиҳо таманно кардааст.