ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Пешсафони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар даври панҷум ба ғалаба ноил шуданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар “Панҷшер”-ро бо натиҷаи калони 5:1 мағлуб кард.
Дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тими “Панҷшер”-ро маҷбур кард, ки ба бохти сеюмаш дар мавсими соли 2019 рӯ ба рӯ шавад.
Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад дар ин давр бо дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати соли гузашта –“Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ қувва санҷида, бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард ва мавқеи худро дар зинаи дуввум мустаҳкам намуд.
Аввалин ғалабаи худро дар мавсими соли равон КМВА “Помир” дар сафар ба даст овард. Шогирдони Рустам Хоҷаев “Истаравшан”-ро дар майдонаш бо натиҷаи 2:1 шикаст доданд.
Дар ин давр ягона бозие, ки бо натиҷаи баробари 2:2 анҷом ёфт, дар рақобати байни дастаҳои “Хатлон” ва “Регар-Тад-АЗ” ба қайд гирифта шуд.