ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳамоиши мазкур 6-7 апрел барои таҳкими дӯстии тоҷикону қирғизҳо, ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон ва ҷавонони навоҳии наздимарзӣ таҳти роҳбаладии мушовири вазири умури дохилии Тоҷикистон, полковник Ориф Ҷураев ва муовини сардори РВКД-и Қирғизистон полковник Усанов Арстан Аманович иштирок доштанд.
Бар асоси гузориши аксӣ аз ҷараёни ҳамоиш, дар чорабинӣ инчунин генерал Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи мухолифин ва сардори феълии ШКД дар шаҳри Исфара низ иштирок кардааст.
Дар доираи ин лоиҳа инчунин баргузории мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол дар назар аст, иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо, ки шоҳиди чандинкаратаи нофаҳмиҳо дар роҳи наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд будаанд, нофаҳмияҳоро баррасӣ намуда, таъкид кардаанд, ки ки танҳо дӯстӣ, муросову якдигарфаҳмӣ, риояи одоби ҳамсоядорӣ метавонад муамморо бартараф ва шароити арзандаи зиндагиро фароҳам орад.