Коршинос гуфт, намоишномаҳои театри тоҷик замонавӣ нестанд

Обуна шудан
Театршиноси ватанӣ Муҳаммадулло Табаров бар ин аст, ки таҳияи намоишҳо оид ба шахсиятҳои таърихӣ имрӯз диди нав мехоҳад

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар, ки бо роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён ва бо иштироки мунаққидону театршиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳунарпешагон сурат гирифт, асарҳои ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» пешниҳодшуда баррасӣ гардиданд. 

Мунаққиди театр аз Русия Елена Груева гуфт, ки имрӯз дар театрҳои тоҷик раванди инъикоси мавзӯъҳои мубрам ва муосир хеле муҳим аст. 

Намоишномаи Бухорои Шариф дар ҷашнвораи Парасту. 15 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоиза ба "Фирдавсӣ", ҷои якум ба "Хусраву Ширин" ва "Қорӣ Ишкамба": "Парасту-2019"

"Фестивал бояд дар сатҳе гузарад, ки ҳар як иштирокчӣ баъди анҷоми он ба коргоҳи худ бо як навгонии ботинӣ баргардад. Имрӯз театрҳо бояд издиҳомро аз паси худ баранд, онро тарбия намоянд ва дар баробари намоишҳои худ ба камол расонанд", - иброз дошт Елена Груева. 

Константин Спасский, ки ҳунарпешаи театру кино, рӯзноманигор ва мунаққиди театр аз Русия аст, гуфт, ки дар маҷмӯъ аксари намоишҳо хуб буданд. 

«Намоишҳо нақши муассири тарбиявӣ доранд, аммо онҳоро бояд такмил дод. Сипас баъзе намоишҳоро метавон бо сафари ҳунарӣ ба тамошобинони кишварҳои Россия ва Амрико пешниҳод намуд. Ҳар як театр назди худ бояд мақсад гузорад, ки намоишашро ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ гардонад»,- иброз дошт Константин Спасский. 

Ӯ нақши ҳунарпешагони ҷавонро таъкид намуда, гуфт, ки намоиши ғайриозмунии «Шоҳ Эдип» дар иҷрои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода арзанда аст, ки онро ба рӯйхати намоишҳои озмунии ҷашнвора ворид намоянд. 

Театршиноси ватанӣ Муҳаммадулло Табаров гуфт, ки таҳияи намоишҳо оид ба шахсиятҳои таърихӣ имрӯз диди нав мехоҳад, аммо то ҳол дар театрҳо онҳоро ба сабки солҳои 60-и асри гузашта таҳия мекунанд.

Здание театра оперы и балета им. Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов: дар Душанбе ҷашнвораи "Парасту-2019" оғоз шуд

Инчунин гурӯҳҳои театрӣ ҳангоми инъикоси намоишҳо оид ба мушкилоти иҷтимоии ҷомеа бояд ба омӯзиши амиқи масъала, ҳолати равонии қаҳрамонон диққат диҳанд ва сарчашмаи мушкилотро инъикос намоянд, на ин ки онро ба жанри мазҳака рӯякӣ таҳия намоянд. 

Дар мизи мудаввар инчунин зарурати таъсиси Донишкадаи театр ва синамо, дастгирии ҷавонон дар ин соҳа, тарбияи кадрҳо, маблағгузории фаъолияти театрҳо, мушкилоти соҳаи драматургия ва дигар масоили марбута мавриди муҳокима қарор гирифта, коршиносон, собиқадорон, ҳунарпешагони ҷавон ва тамошобинони фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0