Зиёрати хонаи Худо ё хонасозӣ барои камбизоате? Раҳмон роҳи гирифтани савоби ҷорияро гуфт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз иқдоми бархе аз шаҳрвандони кишвар, ки маблағи барои Ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои ободкорӣ дар Ватан сарф мекунанд, истиқбол намуд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин иқдомро савоби ҷория гуфта, таъкид намуд, ки аз баракати ин кор тамоми хонавода бархӯрдор хоҳанд буд.

Празднование Рамадана в Москве  - Sputnik Тоҷикистон
Сабукӣ ба коргарон: раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд

“Вақтҳои охир як қисми ҳамватанони мо маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, тибқи таълимоти Ислом чунин корҳо савоби ҷория мебошад, ки аз баракати он худи шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли хонадони онҳо ба таври доимӣ баҳравар мегарданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту  - Sputnik Тоҷикистон
Қиматфурӯшӣ баробари худкушист: Раҳмон ба тоҷирон аз оташи сӯзон ҳушдор дод

“Бовар дорам, ки чунин раванди неку созанда дар доираи омодагӣ ба сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон вусъати бештар пайдо мекунад ва мо ин ҷашни бузурги миллиамонро дар шароити орому осудаи Ватанамон ва зиндагии аз имрӯза хеле беҳтари халқамон истиқбол мегирем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати моҳи Рамазон.

Ин дар ҳолест, ки ахиран барои ҳоҷиён дар Тоҷикистон ба андозаи 50 доллари амрикоӣ хироҷ ҷорӣ гардид.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафарро 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0