Хилофи созиш: Туркманистон аз вазири тоҷик 15 доллар ситондаст

© Пресс-служба президента РТНовый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин
Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомдорони Тоҷикистон тартиби ситондани хироҷро аз сайёҳон таҳия доранд, ки дар он тамоми ҷузъиёти ин раванд муқаррар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар ин тартиб масъалаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата низ ба назар гирифта хоҳад шуд.

Министр иностранных дел Ирана Мухаммед Джавад Зариф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба вазири Эрон супурд

Қаҳҳорзода зимни ҷаласаи ахири парлумон дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи андозбандии дукарата гуфт,  Тоҷикистон бо 36 кишвар дар бобати канорагирӣ аз андозбандии дукарата шартнома дорад.

Ба нақли вазири тоҷик на ҳама вақт созишҳо дар мавриди канорагирӣ аз андозбандии дукарата риоя мешаванд ва сафари ахирашро ба Туркманистон мисол овард.

“Мо чанде пеш  ба Туркманистон сафар доштем. Мувофиқи муқаррарот, ҳайати асосӣ аз пардохти ҳама хизматрасонии муқарраршуда бояд озод буда, аз дигар аъзои  гурӯҳ  ин пардохтпулӣ ситонида мешуд. Вале аз ҳамаи мо, ки ба ин ҳайат шомил будем, ба андозаи 15 долларӣ пардохтпулӣ  ситонида шуд, ҳарчанд ки мо бо ин кишвар дар бобати канорагирӣ аз андозбандии дукарата шартнома дорем”, - нақл кард вазир ба вакилон.

Рахмон совершил хадж умра в Мекке - Sputnik Тоҷикистон
Зиёрати хонаи Худо ё хонасозӣ барои камбизоате? Раҳмон роҳи гирифтани савоби ҷорияро гуфт

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли вазири молия овардааст, ки ҳамаи ин ҷузъиёт дар тартиби мавриди амал қарор додани қонун ба назар гирифта мешаванд.

Шукурҷон Зуҳуров дар посух гуфт,  гап сари низому тартиб ва меъёрҳои байналмилалӣ аст, ки андозбандии дукарата ба миён наояд.

“Ин ҷо Туркманистон барои мо набояд намуна бошад. Дигар давлатҳо дар мавриди мавҷуд будани чунин шартномаҳо, ин гуна рафтор накунанд, боҷу хироҷи дукарата наситонанд”, - изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон.

Файзиддин Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, вақте сайёҳ ба ҷумҳурӣ омада, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ дорад, ин асос барои канорагирӣ аз андозбандии дукарата хоҳад буд.

Туристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди сайёҳони Русия аз Тоҷикистон 1% зиёд шудааст

“Ширкатҳои сайёҳие, ки барои сайёҳон бастаҳои сайёҳиро мефурӯшанд, ҳатман инро ба назар мегиранд”, - таъкид кард вазири молия.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, тағйирот ба қонун "Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи Тоҷикистон"-ро қабул кард, ки бар асоси он барои сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар, ки ба воситаи ширкатҳои сайёҳӣ ба гардишгарӣ мераванд, хироҷи ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд.  Инчунин тибқи ин тағйирот барои зоирин ба андозаи 50 доллари амрикоӣ хироҷ роҳандозӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0