Андози камтар диҳед: сабукии президент барои рушди футболи Тоҷикистон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҷонибдории парлумон бори андози соҳаи футболро дар кишвар сабук кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2019, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, Федератсияи футболи кишвар дар пардохти андоз аз сабукиҳо бархӯрдор хоҳад шуд.

Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Хилофи созиш: Туркманистон аз вазири тоҷик 15 доллар ситондаст

Бар асоси тағйирот, ФФТ ва сохтори тобеи он, ки роҳбарияшонро Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, аз пардохти андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт озод карда шуданд. Имтиёзи мазкур инчунин ба бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон низ дахл дорад.

Раисиҷумҳур ва парлумон инчунин  мураббиён ва бозигарони хориҷиеро, ки барои рушди соҳаи футбол ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карданд.

Бар асоси тағйирот ба қонуни буҷаи давлат барои соли равон инчунин воридоти бланкаҳои шиносномаҳо, ки дорои иттилои электронӣ мебошанд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0