Гилаи мураббии Баҳодур аз рӯзноманигорон пас аз овозаи қарзи қаҳрамон: кумита пул медиҳад

Обуна шудан
Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев мусоҳибаи вай дар сомонаҳаи хабарӣ бе мувофиқа бо вай мунташир шудаву "обрӯ, сломатӣ ва ҳолати равонии вай" таъсир кардааст

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Варзишкори 22-солаи тоҷик Баҳодур Усмонов охирҳои моҳи апрел аз мусобиқаи Қаҳрамонии бокси Осиё дар Таиланд бо медали тилло баргашт.

Ин дастоварди муштзани тоҷик, ки тайи 8 соли охир бори аввал аст, боиси болидахотириву ифтихори тоҷикистониён гардид. Аммо дар ин миён бархе аз сомонаҳои хабарӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи бади иқтисодии қаҳрамон навиштаву аз мақомот дархости дастгирии молии ӯро карданд. Тибқи гузориши бархе аз расонаҳо мураббии Боҳодур Усмонов Мирзо Шамсиев барои сафари варзишкор қарз гирифтааст, аммо кумитаи ҷавонон онро пардохт хоҳад кард.

Қадрдонии Баҳодур Усмонов аз ҷониби Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Дастгирии қаҳрамон: Маҳмадбеков ба Баҳодур Усмонов ва мураббиаш 50 ҳазор сомонӣ дод

Чанде пеш 2 май, пас аз як рӯзи расонаӣ шудани хабари қарзи сафар Мирзо Шамсиев барои расонаҳои Тоҷикистон изҳорот навиштаву "ҳолати воқеии корро" шарҳ додааст.

Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки матлабҳои дар истинод бо вай мунташиршуда, бо Шамсиев мувофиқа нашудаанду ба "обрӯ, сломатӣ ва ҳолати равонии вай" таъсир кардаанд.

"Ман ҳамчун мураббӣ ба ВАО-и ҷумҳурӣ, ҳаводорону дӯстдорони варзиш ва шогирдони алоқамандони ин навъи варзиш изҳор карда, мегӯям, ки ҳолати воқеии кор чунин аст: "Аз 30 март то 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Баҳодур Усмонов ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гардида, барои идомаи рақобатҳо дар сатҳи байналмилалӣ узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс гардид. Ман мураббии ин варзишгар дар якҷоягӣ бо Федератсияи бокси кишвар ҷиҳати иштироки Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё ҳуҷҷатҳоро барои дастгирии молиявӣ 12 апрели соли 2019 ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намудем", - қайд мекунад мураббӣ.

Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
Баҳодур Усмонов қаҳрамони бокси Осиё шуд

Новобаста аз дер пешниҳод кардани маводи пеш аз сафар аз ҷониби ман, 15 апрели соли 2019, фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, яъне ду рӯз пас аз дархости ман, ки ҳолати бисёр фаврии дастгирии дархост мебошад, ба имзо расида, барои ин сафар маблағи 16 952 сомонӣ ҷудо гардид, ки пурра хароҷоти сафарро мепӯшонад. Ман аз ин маълумот хабардор будам ва медонистам, ки Кумита маблағгузории пурраи сафарро пардохт мекунад, афзудааст Мирзо Шамсиев.

Вай таъкид мекунад, ки маблағи ҷудошуда пас аз пешниҳоди ҳисоботи молиявии сафар пардохт мешавад.

Ёдрас мешавем, пештар Кумитаи олимпӣ эълон кард, ки Баҳодур Усмонов барои дастовардаш дар мусобиқаи байналмилалӣ 75 ҳазор сомонӣ ҷоизаи раисҷумҳурро соҳиб мешавад.

Ҳамчуннин, имрӯз 4 май роҳбари Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф Эргаш Маҳмадбеков ба қаҳрамон ва мураббиаш 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод.

Лентаи хабарҳо
0