ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф чемпиони бокси Осиё с Баҳодур Усмонов ва мураббиаш Мирзо Шамсиевро бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ (25000 сомонӣ ба ҳар кадом) қадрдонӣ намуд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Ҷоизаи пулӣ 4 май дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни як маросими ботантана аз ҷониби роҳбари клуб Эргаш Маҳмадбеков ба Баҳодур Усмонов ва Мирзо Шамсиев супорида шуд.
Дар ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, мураббиёну варзишгарони намуди бокс иштирок карданд.
Қайд гардид, ки варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов 18-26 апрел дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Бангкоки Тайланд дар вазни 64кг иштирок намуда, сазовори медали тилло шуд. Ин дастовардро ӯ баъд аз 8 сол такрор намуд - соли 2011 Анвар Юнусов ба унвони чемпиони Осиё оид ба бокс сазовор гардида буд.
Таъкид шуд, ки моҳи апрел, ҳамчунин Дилшод Назаров дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук маротибаи панҷум медали тилло ба даст оварда, дар намуди дзюдо Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов сазовори медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё гардиданд.
Роҳбари Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф Эргаш Маҳмадбеков Мирзо Шамсиев ва Баҳодур Усмоновро бо ин дастовардашон табрик карда, изҳор дошт, ки дар оянда низ ҳамаи варзишгаронеро, ки Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ хоҳанд кард.
Мирзо Шамсиев ва Баҳодур Усмонов ба Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф изҳори миннатдорӣ карда, афзуданд, ки акнун барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир мегардад, омодагӣ мебинанд ва умед карданд, ки роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.